Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Муҳаммад Навоз Шариф
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳамад Навоз Шариф доир гардид.
Зимни мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкориҳои байниҳукуматии ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, энергетика, саноат, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз раванди рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, омодагию ҳавасмандии худро барои боз таҳким бахшидани робитаҳо дар роҳи бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, неругоҳҳои барқи обӣ, хаттҳои интиқоли неруи барқ, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои доираи сохибкорони ду кишвар барои ташкил ва фаъолгардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва воридоти технологияҳои муосир баён доштанд.
Тавре ки таъкид шуд, робитаҳои ду давлати дўстро зиёда аз 30 санади ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ танзим менамояд, ки бештари он ҷанбаҳои иқтисодиро фарогир мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






