Мулоқоти Қоҳир Расулзода Янош Ҳерман
Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Янош Херман мулоқот кард.
Дар мулоқот ба раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар панҷ соли охир баҳои баланд дода шуда, нақши намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар муколама ва таҳкими робитаҳои дуҷониба назаррас арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо доир ба дурнамои Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 табодули афкор карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар доираи татбиқи стратегияи мазкур ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, истифодаи захираҳои об дар минтақа, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ бештар таҳким меёбанд.
Дар мулоқот, ҳамзамон масоили дигари мавриди тавваҷўҳи ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар минтақа, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






