Мулоқоти А. Бобоев бо ҳайати Санкт-Петербург
Душанбе,4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-3 июни соли равон сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев бо ҳайати Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот, сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими раванди муҳоҷират, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон -муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши забони русӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, таъсиси марказҳои машваратӣ, ҷоннок намудани фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ (ПТУ) ва 15 ноҳияи пилотӣ мароқ зоҳир намуд.
Дар фарҷом меҳмонон доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ, таҷрибаи бархе аз кишварҳо дар заминаи муҳоҷират, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷират андешаҳояшонро иброз намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






