Мулоқоти донишҷӯён бо асосгузори таълими ҳамгиро

Июнь 11, 2014 11:42

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти донишҷӯён ва устодони факултаи педагогӣ бо олими маъруфи тоҷик, асосгузори таълими ҳамгиро дар Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода баргузор гардид. Тавре декани факултаи педагогӣ Сабоҳат Абдулфайзова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар суҳбат аз тарафи академик Ф. Шарифзода асосан муаммоҳои соҳаи мактаб ва маорифи кишвар, аз ҷумла сабабҳои рӯй овардани маорифи кишвар ба таълими ҳамгиро, мушкилоти солҳои аввали гузаштан ба таълими ҳамгиро, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами мамолики пешрафта оид ба таълими ҳамгиро, таълифи китобҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи таълими ҳамгиро, сифат ва муҳтавои китобҳои нави дарсӣ барои талабагони синфҳои ибтидоӣ, мақом ва шахсияти омӯзгор дар ҷомеа, баъзе роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар, омодагии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ ба фаъолияти таълимӣ ва ворид шудани онҳо ба талаботи таълими ҳамгиро ва ғайра мавриди таҳлил ва натиҷабардорӣ қарор дода шуд.Дар мулоқот омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ аз академик Файзулло Шарифзода масоили вобаста ба суст будани нутқи адабии омӯзгорон, зиёд шудани ахбороти илмӣ ва теъдоди фанҳои таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ, мавҷуд будани парокандагии донишҳо ва нафаҳмидани яклухтии олам аз тарафи хурдсолон, коҳиш ёфтани қобилияти фикрронӣ ва инкишофи нутқи талабагони хурдсол, дар мадди аввал гузоштани инкишофи фикрронии талабагони синфҳои ибтидоӣ, мақоми омӯзгор дар ҷодаи омода намудани шогирдони қобилияти фикрронӣ дошта, дорои ҷаҳонбинии илмӣ, ҷавонони худогоҳу ватандӯст, хештаншиносу таҳаммулпазир, ба талаботи бозори меҳнат ва навгониҳои илму техника омода будани насли наврас, талабот ба дарси муосир ва ғайраҳоро матраҳ намуда, ҷавоби амиқу дақиқ дарёфтанд.Мавриди зикр аст, ки ҳамкории факултаи педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо марказҳои бонуфузи илмии пойтахти кишвар мунтазам густариш ёфта, яке аз чунин марказҳои пазируфтагардидаи илмӣ ин Академияи таҳсилот Тоҷикистон мебошад, ки факултаи педагогӣ бо ҳамаи сохторҳои он ҳамкории серсоҳа ва фарохро ба роҳ мондааст. Ҳамасола қисми муайяни омӯзгорони ҷавони факулта дар назди олимони барӯманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон такмили ихтисос ва бозомӯзӣ намуда, атрофи проблемаҳои илмӣ пажуҳишҳои илмӣ-тадқиқотиро ба иҷро мерасонанд.

Июнь 11, 2014 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!