Мулоқоти Э.Раҳмон бо собиқ Сарвазири Малайзия
Душанбе, 25.06.2014 (АМИТ «Ховра»).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуд.Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти нахустини худ бо ин сиёсатмадори маъруф, ки моҳи октябри соли 2003 дар Малайзия баргузор шуда буд, самимона ёдоварӣ карда, изҳор дошт: “Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Малайзия, олами Ислом ва қитъаи Осиё мешиносанд ва фаъолияти ислоҳотгаронаи Шуморо мавриди омӯзишу ибрат қарор додаанд”,- изҳор дошт Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон.Зимни гуфтугӯй аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуд.Махатҳир Муҳаммад изҳор дошт, ки имрӯз ҳам омода аст барои густариши робитаҳои Малайзия бо Тоҷикистон саъюу кӯшиш кунад.Табодули назар ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни муносиботи минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






