Мулоқоти Э. Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Сайберҷаяи Малайзия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот доир намуд.
Дар даромадгоҳи донишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ва дигар донишгоҳҳои Малайзия ба хотири сифати олии таълиму тарбия аз зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон ҷавонон таҳсил мекунанд. Сарварони як қатор кишварҳо ва шахсиятҳои сершумори маъруфи ҷаҳон аз Донишгоҳи Лимкоквинг дидан карда, бо устодону донишҷӯёнаш мулоқот намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Роҳбари Донишгоҳи Лимкоквинг Тансри Доктор Лим Кок Винг мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории кунунӣ ва ояндаи Тоҷикистон бо ин донишгоҳ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, ин донишгоҳ 8 ҳазор донишҷӯй дорад ва 80% он аз кишварҳои хориҷӣ аст. Аз Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳамин донишгоҳи Малайзия наздики 40 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар беш аз 200 нафар тоҷикон илм меомӯзанд.
Пас аз анҷоми мулоқот доир ба густариши ҳамкории минбаъда миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он оянда филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон бунёд хоҳад ёфт.
Дар оғози мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик Роҳбари донишгоҳ суханронӣ намуда, ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил, таҳким ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия, тарғиби фарҳанги сулҳу амонӣ, гуфтугӯйи тамаддунҳо ва дипломатияи обӣ дар арсаи ҷаҳон баҳои баланд дод.
Сипас қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи Лимкоквинг доир ба сарфароз намудани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ қироат карда шуд, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷ, хусусан аз ҷониби донишҷӯёни сершумори тоҷик, истиқбол гирифта шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба роҳбарияти Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, ин амалро қадршиносии ҷомеаи ин кишвар аз мардуми шарифи Тоҷикистон номид.
Бо истифода аз фурсати ғанимат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни тоҷикро ба омӯзиши амиқу васеи илму техникаи муосир ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки “аз имконоти фарохи илмомӯзӣ дар ин донишгоҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба истифода баред, фурсати ғанимати донишандӯзиро аз даст надиҳед”.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






