Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо фаъолзанони водии Рашт
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо фаъолзанони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, масоили дигари умдаи рўз, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни занону духтарон, ҷавонону ноболиғон, содиршавии кирдорҳои номатлуб ва зўроварӣ дар оила мавриди муҳокима қарор гирифт.Ҳамзамон, муовини Сарвазири мамлакат зимни сафари корӣ аз мавзеи офатзадаи деҳаи Шули ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт дидан карда, дар мулоқот бо аҳолии зарардида барои ҳалли мушкилоти онҳо роҳбарияти мақомоти ноҳияро вазифадор намуд.Дар ҷараёни сафари кории худ ба минтақаи Рашт аз ҷониби Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳияҳои минтақа рўзи қабули шаҳрвандон доир гардид, ки дар рафти он арзу муроҷиатҳои сокинони ноҳияҳои мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






