Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо ходимони театри тоҷик

Июнь 24, 2014 11:38

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 23 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири фарҳанги кишвар Шамсуддин Орумбеков ва муовини аввали вазири фарҳанг Маҳмадсаид Пиров дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ бо ходимон ва кормандони театри тоҷик мулоқот намуданд.
Дар ин ҳамоиш проблема ва мушкилоти театри тоҷик, аз ҷумла рӯи саҳна баровардани намоишномаҳо ва ҷалби тамошобинон баррасӣ гардид.
Умед аст, ки мулоқоти мазкур ба рушди театри тоҷик такони бузурге хоҳад дод.  

Июнь 24, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш