Мулоқоти О.Сангов бо Р.Апасова
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Одил Сангов дар ҳошияи форуми соҳибкорон аз рӯи масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 24 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон Римма Апасова мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот котиби якуми сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон Сағимбек Қочқорбоев ширкат дошт. Дар ин бора аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ҷонибҳо масоили рушду таҳкими равобити байни палатаҳоро муҳокима намуда, ба вусъати фаъолияти соҳибкорони ҳар ду кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.«Барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистону Қирғизистон имкониятҳои зиёде мавҷуданд, — гуфт зимни суханрониаш Одил Сангов. — Дар робита бо ин, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таҳкими равобити ҳамаҷониба бо соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистонро вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти худ мешуморад». Римма Апасова дар навбати худ ба барқарор намудани равобити мустақими соҳибкорон, ки он ба рушду густариши ҳамкории тоҷирони ҳар ду кишвар мусоидат менамояд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Ба гуфтаи ӯ ҳамгироии иқтисодӣ далели густариш ёфтани дӯстии байни халқҳои ҳар ду кишвар аст. «Дар робита бо ин, дар шаҳри Душанбе доир шудани форуми соҳибкорон аз рӯи масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо иштироки аҳли тиҷорати Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳоямон қувваи нав мебахшад», — гуфт Римма Апасова.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






