Мулоқоти Р.Шодиков бо ширкатҳои туристии Бадахшон
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 23- юм то 24-уми июни соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руслан Шодиков бо ширкатҳои туристӣ, ҷавонон ва варзишгарони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот кард.
Мулоқот дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014», инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ аз 18- уми июни соли 2014 доир ба иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоиҷикистон барои солҳои 2010-2014», лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2019» сурат гирифт.
Ҷалб намудан ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар шароити кўҳӣ дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ, фаъолияти пурсамари ширкатҳои туристии кишвар аз масоили муҳими мулоқот буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






