Мулоқоти Ш.Раҳимзода бо Зирор Аҳмад Усмонӣ
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — 5 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Раҳимзода ба меҳмон барои пуштибонӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар изҳори миннатдорӣ кард.
Зирор Аҳмад Усмонӣ дар навбати худ аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки Афғонистон ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои калонтарини Тоҷикистон омода аст.
Ҷониби Афғонистон ҳамчунин хоҳиши худро дар амри таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои инфрасохтор, сохтмон, нақлиёт ва энергетика иброз дошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






