Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Латвия

Июнь 10, 2014 17:32

Душанбе, 10.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Барзинш мулоқот намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми заминаҳо, аз ҷумла равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, байнипарлумонӣ, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки сафари расмии Шумо бо ҳузури чунин ҳайати бонуфуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки тасмими ҷониби Латвия барои тақвияти ҳамкориҳо бо ҷумҳурии мо ҷиддӣ мебошад. «Ин хушҳолкунанда аст. Дар ҳақиқат мо зарфиятҳои бузурги ҳамкорӣ ва манфиатҳои муштарак дар заминаи рушди муносиботи тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дорем. Ахиран ман омори амалиёти содироту воридоти мол байни Тоҷикистон ва Латвияро аз назар гузаронидам ва бояд зикр намоям, ки дар зарфи се соли гузашта мо раванди таъсирбахши афзоиши онро мушоҳида намудем». – гуфт Ш. Зуҳуров. Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия дар таърихи 8 – 9 феврали соли 2009 ҳодисаи ниҳоят муҳим дар таърихи муносиботи Тоҷикистон ва Латвия ба шумор меравад. Дар доираи ин сафар санадҳои зерин ба имзо расиданд: Эъломияи муштараки Президентҳои Тоҷикистон ва Латвия, Созишнома байни Тоҷикистон ва Латвия дар бораи пешгирӣ аз андозбандии дукарата ва огоҳкунии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармоя, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия дар бораи иттилооти ҳавоӣ, Протоколи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати ҳарду кишвар. Сарфи назар аз он, ки кишварҳои мо, дар навбати аввал, миқёс ва мундариҷаи мушкилоти гуногунро барои ҳадафҳои худ ҳал мекунанд, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳое вуҷуд дорад, ки ҷиҳати ҳалли онҳо қувваю нерӯи муштарак тақозо мешавад. Ба ин маҷмӯи масъалаҳо экология, фазои иттилоотӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва таҳдидҳои террористӣ, маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир шомил мешаванд. Ҷолиб аст, ки 2 – феврали соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйири «Қуллаи Латвияи Шӯравӣ» бо номи «Қуллаи Латвия» қарор қабул кард. Боварӣ дорам, ки Шумо дар ҷараёни мулоқоти худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намудед ва ман фикр мекунам, ки зарурати дубора дар ин заминаҳо ба таври муфассал суҳбат кардан ин ҷо вуҷуд надорад. Як чизро бояд махсус қайд намоям, ки парлумонҳои кишварҳои мо низ барои рушди муносиботи дуҷониба ҳавасманд мебошанд ва ман фикр мекунам, ки ин ҳамкориҳо пас аз ташрифи шумо, муҳтарам Андрис Берзинш, боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт. Намояндагони парлумонҳои ҳарду мамлакат низ дар раванди таҳкимбахшии ин равобит саҳми фаъол хоҳанд гузошт. Ҳамин тавр дар соли 2012 байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сейм (Парлумон) – и Ҷумҳурии Латвия гуруҳи дӯстӣ таъсис дода шуд. Чунин муносибот имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи парламетаризми ҳамдигар, таҳия ва эҷоди қонунҳо омӯзем ва дар маҷмуъ дар муқобили хатароти гуногуни ҷаҳони муосир истодагарӣ карда тавонем. Масалан, ҳавасмандии парламентарияи Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Латвия дар бахши тиҷорати хурд ва миёна ва таҷрибаи шумо дар мавриди гузаронидани ислоҳоти ҷомеа бо роҳи донишҳои демократӣ бисёр муҳим аст. Дар ин замина ман фикр мекунам, ки ҷониби мо низ метавонад барои ҳамкорони латвиягии худ чизе пешниҳод намояд. Таҷрибаи начандон бузурги мо дар бахши таъминоти ҳуқуқии вазифаҳои рушди иқтисодӣ, эъмори сулҳ, бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, шарикони иҷтимоӣ ва чанде дигар аз омилҳо қобили ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Шумо бори аввал аст, ки аз Парлумони мо дидан мекунед ва бо иҷозати шумо ман дар бораи парлумони Тоҷикистон маълумоти мухтасар медиҳам. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони дупалата аз соли 2000 фаъолият мекунад. То ин замон он якпалата буд. Палатаи мо – Маҷлиси намояндагон – доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ин дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бори аввал аст. Дар палатаи мо 63 вакил аз рӯи системаи мажоритарӣ – мутаносибии интихобот: — 41 вакил аз ҳавзаи якмандатӣ ва 22 вакили дигар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар асоси рӯихати ҳизбӣ интихоб мешаванд. Дар ҳайати вакилони даъвати ҳоло фаъолиятдошта аз ҳашт ҳизби сиёсии дар қаламрави Тоҷикистон расман амалкунанда намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ, ки дар интихоботи парлумонӣ беш аз панҷ фоизи овозҳоро ба даст овардаанд, шомил мебошанд. Инҳо намояндагони Ҳизби Халқӣ – Демократӣ, Ҳизби Коммунистӣ, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Аграрӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ мебошанд. Палати дуюм, онро аз рӯи анъанаи парлумонҳои дагар кишварҳо, палатаи болоӣ – Маҷлиси миллӣ мегӯянд. Дар он бевосита вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, ин намояндагони мақомоти маҳаллӣ, панҷ нафарӣ аз ҳар минтақа интихоб мешаванд. 8 узви Маҷлиси миллиро Президент таъин мекунад. Ҳамчунин президентҳои собиқи ҷумҳурӣ узви якумрии Маҷлиси миллӣ мебошанд. Маҷлиси миллӣ аз 34 аъзо иборат мебошад. Дар тафовут аз палатаи мо Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват фаъолият мекунад, яъне барои тасдиқи қонунҳое, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шудаанд, ҷамъ меоянд. Ҳарду Маҷлис дар якҷоягӣ номи «Маҷлиси Олӣ» — ро дорад ва мо ҳангоми қабули қарорҳои муҳим, ки ба салоҳияти ҳарду маҷлис дохил мешаванд, аз ҷумла, ҳангоми шунидани Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ, тасдиқи фармонҳо дар бораи таъйини аъзои Ҳукумат ва ба монанди инҳо ҷамъ меоем. Чунин мешуморам, ки шумо дар бораи вазъияти кишвари мо, дастовардҳову пешрафтҳо ва ислоҳоти гузаронидашуда иттилоъ доред. Парлумони Тоҷикистон дар раванди ин ислоҳот бо таҳия ва қабули қонуну санадҳои мувофиқ, ташкили фазои ҳуқуқӣ ва бо роҳи фаҳмонидани мардум аз моҳият ва мазмуни ин қонунҳо ширкати фаъол дорад. Мо бори дигар Шуморо ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам мегӯем ва орзуи амалишавии барномаҳои сафаратонро дошта, ба Шумо чанд рӯзе, ки дар ватани мо қарор доред, орзуи муваффақият дорем. Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Барзинш Шукурҷон Зуҳуровро барои пазиройии самими изҳори минатдори намуда, иброз намуд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз марҳилаи душвориҳои гузариш ба сохти нави тараққиёт, ба даврони нави бунёдкорй ворид гардида, ҳамрадифи кишварҳои комилҳуқуқй сайёра гардидааст. Хушбахтона, имрӯз чӣ дар Латвия ва чӣ дар Точикистон барои тавсия ва густариш додани робитаҳои ҳамаҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонй, ҳама шароиту заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Итминон дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳоямон бо истифода аз чунин шароити мусоид ҳамкорихои бештаре амали хоҳанд шуд. Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Барзинш ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавй, бахусус дар чорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва рӯшди ҳамкориҳои илмию фарҳангй изҳхори каноатманди намуда, ҳамкориҳои парлумонӣ, иктисодию тиҷорати, рӯшди туризм ва технологияи навро яке аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуданд. Таъкид шуд, ки истифода аз таҷрибаи якдигар, дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалй барои парлумонҳои ҳарду кишвар муҳим аст. Мулоқот дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум гузашт.

Июнь 10, 2014 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд