Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Русия

Июнь 4, 2014 11:10

Душанбе, 04.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 3 июни соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷараёни иҷрои қарордодҳои дуҷониба, муҳтавои мубрами ҳамкориҳои миёни ду кишвар, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ, аз ҷумла ҷанбаъҳои машваратҳои сиёсии ду ҷониб, ки тибқи «Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар соли 2014» доир шуданд, арзёбӣ гардида, аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардид.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар раванди ҳамкориҳои мутақобилан муфид таҳкиму густариш ёфта, дар маҷмӯъ ҳамаи самтҳои ҳамкориро фарогиранд.

Июнь 4, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад