Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Тафсилоти бештари масоили вобаста ба рушди ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.
Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати саҳл намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.
Дар ин росто омодасозии созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитии миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон – Чин – Қазоқистон – Қирғизистон басо муҳим дониста шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба бунёди хатти барқии CASA-1000 ва татбиқи босамари бисёр лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ низ сурат гирифт.
Ду ҷониб доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи мунтазираи Афғонистон ва хатарҳои терроризму ифротгароӣ табодули назар намуда, ҳавасмандии амиқи худро ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ бар зидди чунин таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъйид намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст зери Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.
Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ;
— Ёдошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Вазорати саноати нассоҷӣ дар бахши рушди соҳаи нассоҷӣ;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти шаҳр ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон.
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод;
Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои шарикии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд.
Муҳаммад Навоз Шариф аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барои ҷониби Тоҷикистон мувофиқ ба Покистон бо сафари расмӣ ташриф барад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






