Мулокоти Рустам Назаров бо Янош Ҳерман

Июнь 10, 2014 10:34

Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров 9 июни соли ҷорӣ бо Фиристодаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Янош Ҳерман вохӯрд.Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эдуард Ауэр иштирок намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии АНМН, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи минтақавии «CADAP» баррасӣ гардид. Инчунин роҳбари Агентӣ ба меҳмонон нисбати ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар доираи Барномаи минтақавии СММ, “Ташаббусҳои АҚТ”, “Чоргонаи зиддимухаддиротии Осиёи Марказӣ, амалиётҳои муштарак, чорабиниҳои пешгирикунанда, иттилоъ дод. Директори Агентӣ қайд намуд, ки айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар омодасозӣ ва такмилдиҳии мутахассисон, хусусан дар соҳаи “қонунигардонии маблағ”, “таҳлили стратегӣ”, “таҳлили оперативӣ” ниёз доранд. Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, тақвият бахшидан ба муборизаи муштарак бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима карор гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Июнь 10, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд