Мусоҳибаи Р. Раҳимзода бо хабарнигорони олмонӣ

Июнь 23, 2014 12:52

             Душанбе,23.06.2014.(АМИТ «Ховар»,  Маҳина Сафоева).-  21 июн вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо намояндагони Васоити ахбори оммаи Олмон вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ масоили рабуда шудани воситаҳои наклиёт аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири корҳои дохилӣ аз матолиби дар ҳафтаномаи олмонии «Bild» оид ба он, ки гӯё 200 адад мошини тамғаи «БМВ» аз ҳудуди Олмон дуздида шудааст, изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид  мешаванд, аз давлатҳои Олмон ва Прибалтика тавассути роҳи оҳан ё бо гашти худ оварда мешаванд, ки дар чунин ҳолат онҳо масофаи беш аз 6-7 ҳазор километрро тай намуда, аз ҳудуди кишварҳои Созишномаи Шенген, аз ҷумла, Олмон, Полша, Литва, Латвия ва давлатҳои аъзои ИДМ: Руссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузаранд.
Ин воситаҳои нақлиёт дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикӣ ва ядакдор», баъди тафтиши ҳамаҷониба ва супоридани андози гумрукӣ, ба воситаи нақлиёт ҳуҷҷатҳои гумрукӣ дода мешавад, ки дар асоси он автомашинаҳо бо тартиби муқарраргардида, ба қайди Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии БДА гузошта шуда, дар онҷо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии автомашина дода мешавад.
Дар Котиботи генералии Интерпол базаи ҳисоботӣ вобаста бо воситаҳои нақлиёти рабудашуда таъсис дода шудааст, ки яке аз дастгоҳҳои муҳим дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҳисоб меравад, санҷида баромада мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки  ҳар як мошини бақайд гузошта шуда, тавассути системаи ASF  ва I-BATCH, ки бо Котиботи генералии Интерпол пайваст гардидааст, тафтиш карда мешавад.
Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки соли 2014 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ мактуб ба Бюрои Миллии Марказии Интерполи Висбадени Олмон оиди 21 адад автомашинаи рабудашуда равон карда шуда буд. Вале, то имрӯз ягон ҷавоб гирифта нашудааст.
Аз соли 2011 то имрӯз 123 далели автомашинаҳои дуздида шуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 78-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ минбаъд амалӣ намудани бақайдгирии автомашинаҳои зикргардида, манъ карда шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон соҳиби автомашинаҳои мазкур мебошанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, ягон иртибот ба сохтакорӣ ва дуздии мошинҳо надоранд.
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки айни замон соҳиби воситаҳои нақлиёти мазкур буда, онҳоро аз дасти сеюму чорум соҳиб шудаанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, эътироф кардааст.
Мувофиқи банди 8-и моддаи 12-и Конвенсияи СММ аз соли 2000-ум «Муқобили ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» таъкид гардидааст, ки ҳолати моддаи мазкур ба маънои зарар расонидан ба ҳуқуқҳои харидори тарафи сеюмро надорад.
Ба саволи хабарнигорони ВАО-и Олмон оиди аз тарафи киҳо оварда шудани мошинҳои рабудашуда, вазири корҳои дохилӣ посух гардонид, ки воситаҳои нақлиёт асосан аз ҷониби шахсони алоҳида, ворид  мешаванд.
Тааҷубовараш он аст, ки мошинҳои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду-се моҳи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ҳангоми гузаштани сарҳадҳои як қатор давлатҳо мақомоти дахлдор аз ҷумла (политсия, гумрук ва ғайра) пеши роҳи мошинрабоёнро намегиранд.
Бояд таъкид намуд, ки аз 78-адад автомашинаи дуздидашудае, ки аз Олмон оварда шудааст, ягонтоаш ба наздикони аъзоёни Ҳукумат тааллуқ надорад ва хабари дар рӯзномаи  олмонии «Билд» чоп шуда, беасос мебошад.
Зимни мусоҳибаи вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони  ВАО-и Олмон, хабарнигорон иқрор шуданд, ки расмӣ будани ин хабарҳоро тасдиқ карда наметавонанд ва далелҳои дар боло оварда шударо бо такя аз сарчашмаҳои номӯътамад ва беасос пахш намуда, назари худро иброз доштаанд.
 

Июнь 23, 2014 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст