Мусобиқаи гӯштин дар «Ҷашнӣ»
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар қасри варзишии «Ҷашнӣ» — и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонию румӣ байни калонсолон барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуҳиддин Қутфиддинов баргузор гардид.
Дар мусобиқа 70 нафар варзишгар аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуд.
Ба 32 нафар беҳтаринҳо туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуданд.
Бояд гуфт, мусобиқа бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Хуҷанд- маркази вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






