Мусобиқоти ҷаҳон — 2014 : Ғалабаи дастаи Бразилия бар дастаи Хорватия

Июнь 13, 2014 11:36

Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба хабари РИА Новости, футболбозони дастаи мунтахаби Бразилия дар вохӯрии аввали мусобиқоти ҷаҳон бо ҳисоби 3:1 дастаи Хорватияро мағлуб сохт. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Коринтианс» — и шаҳри Сан — Паулу баргузор гардид.17 июн дастаи Бразилия бо дастаи Мексика ва дастаи Хорватия ва дастаи Камерун қувваозмоӣ менамоянд.Имрӯз дар мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол дастаи мунтахаби Испаниё бо дастаи Нидерланд ва дастаи Мексика ва бо дастаи Камерун вомехӯранд.Қобили зикр аст, ки ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев ва раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Дилшод Ҷӯраев дар кори Конгресси ғайринавбатии Конфедератсияи футболи Осиё ва Конгресси 64 — уми ФИФА иштирок намуданд. Дирӯз ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон, чун ҳамаи иштирокдорони дигари Конгресс дар маросими оғози мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол ва вохӯрии байни дастаҳои Бразилия ва Хорватия иштирок доштанд.

Июнь 13, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд