Мусоидати ДМИТ ба истироҳати кӯдакон
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) сарпарастии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда дорад ва пайваста аз ҳолу аҳволи бошандагони он хабар мегирад.Котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ба АМИТ «Ховар иттилоъ дод, ки Раёсати донишкада барои истироҳати бофароғати тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ чораҷӯӣ карда, 20 нафар тарбиятгирандагони аз 7 то 13 солаи ин муассисаи таълимиро аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишкада ба лагери «Чайка»-и ноҳияи Варзоб равон сохт. Ин кӯдакон аз 12 то 27 июни соли равон дар лагери мазкур ба истироҳату фароғат ва тарбия фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






