Мусоидати Хадамот ба бозгашти дубораи муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе,9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар моҳи январи соли 2014 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулшода Ғаюбова, Мақсуда Раҳмонова ва Хушнуда Хушмахмадова ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намудаанд, ки аз тарафи мақомоти интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои буду бош аз қаламрави ин кишвар маҷбуран берун карда шудаанд ва фарзандҳои ноболиғашон дар Федератсияи Русия мондааст.
Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, роҳбарият Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар асоси ин ариза ба роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҷиҳати мусоидат ва ҳалли ин масъала мактуб ирсол намуданд. Дар натиҷа чанде қабл аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба Гулшода Ғаюбова, Мақсуда Раҳмонова ва Хушнуда Хушмаҳмадова имконияти дубора воридшудан ба Федератсияи Русияро дода шуд.
Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия бо сабабҳои гуногун ронда шудаанд ҳамаҷониба кумак мекунад.
Хадамоти тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик бо назардошти ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Русия дар моҳи январи соли 2014 буклетҳоро бо номи «Навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия» бо забонҳои давлатӣ ва русӣ нашр карда, ба шаҳрвандони кишвар тақсим менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






