Мутахассисони ҷавон ба кор роҳхат мегиранд

Июнь 17, 2014 11:24

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Низомномаи тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  тақсимоти фардии хатмкунандагони зинаи бакалавр ва мутахассиси донишгоҳ баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии вилояти Суғд, ҳамаи хатмкунандагони  13 факултаи ихтисоси омӯзгории донишгоҳ, аз рӯи эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ,  ба  шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои  вилоят  вобаста гардида, ба онҳо роҳхат дода мешавад.
Дар тақсимоти мутахассисон намояндагони Раёсати маорифи вилоят, маъмурияти донишгоҳ ва декани факултаҳо ширкат варзиданд.
 

Июнь 17, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад