Н. Д. Бисвал: «ИМА барои таъмини амнияти сарҳадоти Тоҷикистон омодааст»
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мо имрӯз бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти бисёр созгор доштем, ки дар он муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намудем», — гуфт 2 июни соли ҷорӣ пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал.Вай афзуд, ки: «Ман ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдории Президенти ИМА Барак Обамаро барои расонидани кумак ҷиҳати рушди Афғонистон расонидам».Ниша Десай Бисвал зикр намуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва ин боиси нигаронист. Бо назардошти ин, ИМА омодааст, ки барои таъмини амнияти сарҳадоти Тоҷикистон кумак расонад. «Мо бо як ҳайати калон ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни мақомоти Тоҷикистон ва Амрико ба Тоҷикистон омадаем, ки дар назар аст, дар онҳо масоили густариши муносиботи иқтисодӣ, амният, ҳуқуқи башар ва ғайраҳо муҳокима ва баррасӣ гарданд», -тазаккур дод ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ.Дар фарҷом Ниша Десай Бисвал иттилоъ дод, ки дар доираи ин сафар ба Тоҷикистон мулоқотҳои ӯ инчунин бо дипломатҳои ҷавон ва бахши хусусӣ низ дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






