Нақши Ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон
Душанбе,21.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ҳамоиш, ки бо ибтикори кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносии таълимгоҳи мазкур ташкил шуд, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ ва раиси Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ширкат намуда, дар мавзӯоти «Нақши ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон» ва «Аҳамияти истиқлолияти миллӣ дар ташаккули давлати навини тоҷикон» маърӯза хонданд.
Зикр гардид, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатхоҳу бадкеш ҷомеаи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва тӯли чандин сол вазъият дар кишвар ноорому ноамн боқӣ монд. Мебояд гуфт, ки ин ҷанг бар сари мардуми тоҷик таҳмилӣ буд ва толеи мо баландӣ кард, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт ва миллату давлатро аз парокандагию нобудӣ раҳо бахшид.
Дар ҳамоиш, ҳамзамон, таъкид гардид, ки сулҳу осоиштагӣ дар мамлакати мо ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҷавононро мебояд, ки барои пойдории он содиқона ба Ватан хизмат намоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






