Нахустин Анҷумани миллии табибони Тоҷикистон
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаҳри Душанбе Анҷумани нахустини миллии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, намояндагони соҳа аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар, устодону собиқадорони тибби тоҷик, олимону профессорон ва шарикон оид ба рушд ширкат варзиданд.Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Салимзода гуфт, ки дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар дар тӯли 23 соли истиқлолияти кишвар хеле назаррасанд. Зикр шуд, ки соҳаи тандурустии кишвар тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, зеро соҳаи ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсат ва рушди иқтисодиёти давлат мебошад Таҳлили фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар вобаста ба татбиқи ислоҳоти соҳа, дастрас ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла барои вусъат додани татбиқи тибби оилавӣ, дастрасии усулҳои муосири ташхису табобат, рушди тибби хусусӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои охир корҳои зиёди натиҷабахш ба анҷом расидаанд. Дар баробари татбиқи як силсила ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо оғози марҳилаи нави рушди соҳа зарурати ҷиддӣ барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа ба миён омадааст. Лоиҳаи Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат таҳия гардидааст, яке аз чунин ҳуҷҷатҳои муҳим ва натиҷабахш хоҳад гардид. Лоиҳаи кодекси мазкурро вакилони анҷуман мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҳуҷҷати саривақтӣ ва мувофиқи мақсад шуморида, якдилона қабули ин кодексро ҷонибдорӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






