Намоишгоҳи «ИнтерЛегПром-2014» дар Душанбе
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 4-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе кушодашавии расмии намоишгоҳ-ярмаркаи 8-уми махсуси байналмилалии «ИнтерЛегПром-2014» баргузор мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, намоишгоҳ-ярмарка аз 4 то 8 июни соли ҷорӣ соати 10.00 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мешавад. Дар намоишгоҳ дар баробари маҳсулоти саноатии ватанӣ, инчунин маҳсулоти саноати сабуки истеҳсоли дигар давлатҳо низ пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.
Ташкили намоишгоҳ дар Тоҷикистон санъати хеле ҷавон аст- ба ташкили он ҳамагӣ 10 сол пур шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар муддати кӯтоҳ он дар харитаи намоишгоҳҳо на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар кишварҳои Русия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ ҷои намоёнро ишғол намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






