Намоиши дастхатҳои осори Абдураҳмони Ҷомӣ

Июнь 2, 2014 15:43

Душанбе, 2.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). Бахшида ба 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастхатҳои қадимаи осори шоир баргузор гардид.Дар намоиш директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов, адабиётшиносони маъруф Абдунабӣ Сатторзода ва Абдураҳмон Абдуманнонов аз осори шоири бузург сухан гуфта, зикр намуданд, ки осори бою гуногунранги устоди беҳамтои сухан дар махзани китобхонаю осорхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва кишварҳои мухталиф нигаҳбонӣ мешаванд. Танҳо дар хазинаи дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 140 нусхаи хаттии шоир маҳфуз мебошад. Ин дастнависҳо бо нусхаи пурраву минётурҳо ва ороиши хуб ҷолиби диққатанд.Дар намоиши китобҳо 66 адад нусхаи қадимаи дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Аз ин ганҷинаи гаронбаҳо, пеш аз ҳама, нус¬хаи хаттии «Девони ғазалиёт»-и шоир доираи васеи муҳаққиқонро ба худ ҷалб менамояд. Нусхаи мазкур мукаммал мебошад. Соли китобати нусха ба соли 933-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1526 мелодӣ рост меояд. Ҷолиби диққат аст, ки нусхаи мазкур бо қалами фарзанди шоир Алӣ ибни Абдураҳмон ал-Ҷомӣ навишта шудааст.Ёдовар мешавем, ки асари машҳури панду ахлоқии Ҷомӣ «Баҳористон» аз назму наср иборат буда, дар пайравии «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ офарида шудааст, ки чанд нусхае аз он дар ганҷинаи шуъбаи ҳифзу нигаҳдории Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Инчунин дар намоишгоҳ дар қатори дастнависҳо як силсила китобҳои чопи сангӣ, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, ба мисли «Ҳафт авранг», «Фотиҳату-ш-шубоб»,«Нафаҳоту-л-унс» ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Июнь 2, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад