Намоиши китобҳои тозанашр дар КМТ
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Имрӯз, 20 июни соли равон дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашр баргузор гардид. Тавре ки аз Китобхонаи миллии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин намоиш адабиёти тозанашри бист давлат, аз қабили Туркманистон, Қазоқистон, Арабистон, Япония, Чин, Амрико, Ҳиндустон, Покистон ки бо Китобхонаи миллӣ ҳамкорӣ менамоянд, дар маърази тамошо буданд.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолияти худро аз соли 1956 дар Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ оғоз карда, то ба имрӯз дорои беш аз 88 ҳазор адад китоб мебошад. Шуъбаи мазкур адабиёти 42 давлати ҷаҳонро дар шуъба маҳфуз дошта, бо 22 кишвари ҷаҳон ҳамкории зич дорад.
Ёдовар мешавем, ки намоиши китобҳо аз 20 то 30 июни соли равон идома меёбад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






