Нархи истифодаи нерӯи барқ 15% афзоиш меёбад
Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-« Шурӯъ аз 1-уми июли соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи истифодаи неруи барқ 15% афзоиш меёбад, ки ин раванд барои беҳтар намудани вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» мусоидат менамояд». Ин матлабро дар Парлумон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни муаррифии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии «Равшан» дар посух ба саволи вакили Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарифов гуфт.
Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки алҳол шароити молии ширкати «Барқи Тоҷик» душвор аст. Он мушкилоте, ки «Барқи Тоҷик» ба он мувоҷеҳ шудааст, ин на танҳо аз менеҷмент вобастагӣ дорад, балки мушкилоти зерсохторӣ низ вуҷуд доранд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол истифодаи як киловатт- соат неруи барқ барои аҳолии кишвар 11 дирам ва барои корхонаҳои саноатӣ 30 дирам мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






