Натиҷагирии даври навбатии лигаи аввал

Июнь 23, 2014 16:08

Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Бозиҳои даври навбатии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дирӯз натиҷагирӣ    шуданд.
Тавре сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, дар минтақаи Душанбе мисли пешин дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо 16 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. 
 Дар минтақаи Суғд ду даста — «Исфара»-и Исфара ва «Эсхата»-и Хуҷанд, ки дар ҳамаи бозиҳояшон ғолиб шудаанд, бо 21-имтиёзӣ пешсафанд.
 
 

Июнь 23, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш