Натиҷагирии ВКД аз мусобиқаи волейбол
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-11 июни соли равон дар толори варзишии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол байни дастаҳои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» оғоз гардида, то инҷониб идома дошт, ҷамъбаст гардид.Дар ин бозиҳо 18 даста иштирок намуда, ба қисми ниҳоӣ чор даста роҳ ёфтанд. Дастаи Раёсати ВКД дар нақлиёт ба дастаи Академия ғолиб омада, дастаи қисми минтақавии Кӯлоб бошад дастаи Хадамоти давлатии Муҳофизаро мағлуб сохт.Аз рӯи натиҷаи бозиҳо варзишгарони беҳтарин низ муайян шуданд, аз ҷумла муҳофизатгари беҳтарин Амиршо Ғарибшоев аз дастаи Раёсати ВКД дар нақлиёт, ҳамлагари беҳтарин Шароф Сайдалиев аз дастаи қисми минтақавии гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва бозингари беҳтарин Муҳиб Латипов аз дастаи Академияи ВКД дониста шуданд.Дар охир, ғолибон бо Ҷом, медал, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






