Навоз Шариф бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Зуҳри имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Мутобиқи нақшаи ин сафари расмӣ Навоз Шариф 17 июн пас аз зуҳр дар Қасри Миллат бо Сарвари давлати Тоҷикистон мулоқоти хоса намуда, масоили марбутба равобити дуҷонибаро дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб муҳокима ва баррасӣ менамоянд.
Мулоқоти Сарвазири Покистон Навоз Шариф бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 18 июн дар назар аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






