Навсозии роҳи Айнӣ — Панҷакент
Панҷакент, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).- -Сохтмони роҳ дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Панҷакент — Айнӣ давом дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи шаҳри Панҷакент ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи иттилои манбаъ, дар ин иншоот беш аз 12 адад техникаи сохтмонӣ ва 400 нафар коргар кор мекунад. Мувофиқи лоиҳа, бунёду таҷдиди 31 пул пешбинӣ шуда буд, ки ҳоло 6-тои он дар арафаи супоридан қарор дорад. Қобили зикр аст, ки масофаи умумии роҳи мошингард 112,6 километр ва бари он 15 метр мебошад. Ғайр аз ин роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Панҷакент ва боз 60 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ таҷдид мешаванд.
Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва қарзҳои бебозгашт дар амал татбиқ мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






