Наздики 200 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Июнь 4, 2014 11:07

Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —   Имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва сахттаъсир баргузор гардид.
Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 192 кг 598,2 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис — 129 кг 879 гр, ҳашиш- 34 кг 274 гр, афюн — 20 кг 294 гр, героин — 8 кг 123 гр, тахминан 1 ҳазор дона ҳабҳои психотропӣ, аз рӯи 60 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд баромадааст, бо роҳи сӯзонидан нобуд шуд. 
Маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардиданд. 
Аз рӯзи таъсиси агентӣ зиёда аз 14 тонна маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нест карда шуданд.
 
 
 

Июнь 4, 2014 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик