Наздики 200 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва сахттаъсир баргузор гардид.
Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 192 кг 598,2 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис — 129 кг 879 гр, ҳашиш- 34 кг 274 гр, афюн — 20 кг 294 гр, героин — 8 кг 123 гр, тахминан 1 ҳазор дона ҳабҳои психотропӣ, аз рӯи 60 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд баромадааст, бо роҳи сӯзонидан нобуд шуд.
Маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардиданд.
Аз рӯзи таъсиси агентӣ зиёда аз 14 тонна маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нест карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






