Назир Шарипов Раиси Шӯрои парасторони БАОМ
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). Соҳибкор ва ходими ҷамъиятии Тоҷикистон Назир Шарипов раиси Шӯрои парасторони шабакаи «Бунёди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ» интихоб гардид. Назар ба хабари намояндаи расмии Бунёд, ин созмони минтақавӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият дошта, буҷаи солонаи он то 10 миллион доллари ИМА ро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои парасторон, ки 12 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Назир Шарипов бо як овоз раиси созмони мазкур интихоб гардид. Қобили зикр аст, ки шабакаи «Бунёди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ» се бунёди мустақилро муттаҳид месозад, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият доранд. Бахшҳои асосии фаъолияти созмон иборат аз беҳдошти сифати зисти аҳолӣ, дастрасӣ ба адолати судӣ, рушди соҳибкорию парасторӣ ва ғайра мебошад.Назир Шарипов соли 1995 факултаи адабиёти тоҷику форс ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва соли 1998 Академияи ВКХ Федератсияи Русияро хатм карда, чанд муддат дар Нидерланд, Белгия ва Австрия дар курсҳои дипломатӣ таълим гирифтааст. Мавсуф алҳол донишҷӯи Донишкадаи металлургияи кӯҳии Тоҷикистон мебошад.Аз соли 1996 то 2007 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансабҳои гуногунро ба ӯҳда дошта, вакили муваққатии кишвар дар Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Аз моҳи январи соли 2008 то имрӯз роҳбари намояндагии ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитед» ва ҳамзамон директори намояндагии ширкати «Кӯлоб Петролиум Лимитед» мебошад. Аз моҳи августи соли 2010 ба ҳайси Президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитед» кор мекунад. Мавсуф шаҳрванди фахрии иёлати Небраскаи ИМА, раиси Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои парасторони хонаи бачагони маъюбони шаҳри Душанбе мебошад.Назир Шарипов аз моҳи январи соли 2014 роҳбарии Шӯрои муассисони «Бунёди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон» — ро ба ӯҳда дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






