Нишастҳои матбуотӣ кай оғоз мешаванд?

Июнь 16, 2014 15:58

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Тибқи Амри Президенти кишвар аз 15 сентябри соли 2011 инҷониб дар мақомоту идораҳои дахлдори кишвар нишастҳои матбуотӣ доир мегарданд. Тавре ки аз дастгоҳи иҷроияи Президент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 7 то 25 июли соли ҷорӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, макотиби олӣ, ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсола нишастҳои матбуотӣ мегузаранд.
Чун анъана нахустин нишасти матбуотӣ санаи 7 июл дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор мегардад. 
Хабарнигороне, ки мехоҳанд дар бораи вазъи ҷиноию тартиботи ҷамъиятии кишвар, аз ҷумла ҷиноятҳои ахлоқӣ ва зиёд шудани ҷиноят миёни ноболиғон  маълумот пайдо намоянд, метавонанд 18 июл дар Вазорати корҳои дохилӣ ва 14 июл дар Суди олии ҶТ иштирок намоянд.
23 июл  ба масъалаи боло рафтани нархи барқ,  ки мардуми кишварро ба ташвиш овардааст, роҳбарони Вазорати энергетика ва захираҳои об равшанӣ меандозанд. Ҳамчунин рӯзи 17 июл Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ сабабҳои камчин шудани кардошкаро дар бозори дохилӣ ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд.
Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 8 июл хабарнигоронро бо вазъи имрӯзаи вабои аср (ҳамҷинсгароӣ), ҳукми он дар дини мубини Ислом ва фаъолияти соҳа огоҳ месозанд. 
Роҳбари ҷавону тозаинтихоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҷеъ ба нақшаҳои нави фазои варзишии кишвар 10 июл иттилоъ хоҳад дод.
Ҳамчунин хабарнигорон метавонанд ба саволҳои хеш аз роҳбарони дигар корхонаю муассисаҳое, ки нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд, посух гиранд.
 
 
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ:
Маркази тадқиқоти стратегӣ -07.07.14.
Вазорати маориф ва илм -07.07.14.
Шӯрои адлия- 07.07.14.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ -08.07.14.
Агентии хизмати давлатӣ -08.07.14.
Саридораи геология -08.07.14.
Палатаи савдо ва саноат -09.07.14.
МД «Телевизиони Сафина» -09.07.14.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -09.07.14.
Академияи илмҳо -10.07.14.
КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -10.07.14.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёхӣ-10.07.14.
Кумитаи телевизион ва радио -11.07.14.
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо -11.07.14.
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ -11.07.14.
Суди Олӣ -14.07.14.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ -14.07.14.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа-14.07.14.
Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» -15.07.14.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист-15.07.14.
Вазорати корҳои хориҷӣ -15.07.14.
Хадамоти гумрук -16.07.14.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон-16.07.14.
Суди Олии иқтисодӣ -16.07.14.
Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ- 17.07.14.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ- 17.07.14.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ -17.07.14.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот»- 18.07.14.
Вазорати корҳои дохилӣ-18.07.14.
Вазорати фарҳанг-18.07.14.
Кумитаи андоз-21.07.14.
КВД ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» -21.07.14.
Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ -21.07.14.
Бонки миллӣ -22.07.14.
Агентии хоҷагии ҷангал -22.07.14.
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» -22.07.14.
Вазорати энергетика ва захираҳои об-23.07.14.
КВД «Тоҷикагролизинг» -23.07.14.
Вазорати адлия -23.07.14.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав-24.07.14.
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» -24.07.14.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ-24.07.14.
Агентии омор-25.07.14.
ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» -25.07.14.
 
 
 

Июнь 16, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд