Оғози сафари давлатӣ ба Малайзия
Душанбе, 22.06.2014 (АМИТ «Ховар»).-Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия шуд.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Малайзия ва дигар чорабиниҳо пагоҳ оғоз меёбанд.Зимни сафар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар асоси устувор мегузоранд. Санадҳо, аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид.Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ба миён омадани робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






