Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон
Душанбе, 10.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат ёфт. Барои истиқболи расмӣ аз меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиншро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани суруди миллии ду кишвар, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи саломи меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат –Эмомалӣ Раҳмон ва Андрис Берзинш оғоз ёфт.Хотиррасон бояд намуд, ки миёни Тоҷикистону Латвия фазои хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавҷуд аст. Танҳо зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат, ки моҳи феврали соли 2009 ҷараён гирифта буд, 4 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, оид ба алоқаи ҳавоӣ ва машваратҳои сиёсии миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ба имзо расида буд.Ҳамон вақт эълон гардида буд, ки Тоҷикистон метавонад дарвозаи Латвия ба Осиёи Ҷанубӣ ва Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






