Ободсозии макони муҳоҷирони экологӣ
Турсунзода. 14.06.2014с. (АМИТ, «Ховар», Ҳотами Шариф).-Алҳол дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 498 нафар муҳоҷири экологӣ ба сохтмони манзили зист машғуланд. Аз ин теъдод 294 нафари онҳо сохтмони хонаҳояшонро пурра ба анҷом расонидаанд. Ҳамчунин дар ин ҷо сохтмони мактаб барои 1 ҳазору 176 нафар дар як баст дар арафаи анҷомёбист. Қомат афрохтани бинои маркази саломатӣ, хонаҳои зебову замонавӣ, роҳи мумфарши дохилӣ ин мавзеъро ба шаҳрчаи зебо мубаддал кардааст. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2009 «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқи обии 2Роғун» кўчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ба шаҳри Турсунзода» чунин корҳо амалӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






