Омӯзиш дар бахши ҳунармандӣ
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Барномаи Иттиҳоди Аврупо аввалин омӯзишро оид ба идораи доираи барнома барои ташкилотҳои миёнарави — тиҷоратӣ дар бахши ҳунармандӣ дар Душанбе гузаронид.
Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, омӯзиш аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии фонди Cesvi дар шаҳри Душанбе дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, ташкил шуд. Омӯзиш намояндаҳои АМСХМ ҶТ (Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи заргарон, Вазорати фарҳанг, Палатаи савдо ва саноатро ҷалб намуд.
Бояд зикр намуд, ки ин омӯзиш барои омӯзгорон якумин силсила барои тақвияти вазифаи ташкилотҳои миёнаравии тиҷоратӣ ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандии Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Дар давоми 2 сол барнома барои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахши ҳунармандӣ мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






