Омӯзиши миллӣ оид ба маводи химиявӣ ва прекурсорҳо
Душанбе, 20.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- Бисту шаш афсар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи омўзишӣ оид ба мавзўи «Маводи химиявӣ ва прекурсорҳо» иштирок намуд, ки он 19 июн дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Давраи омўзишӣ муштаракан аз ҷониби Барномаи Иттиҳоди Аврупо -БРСММ оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва Барномаи идораи сарҳадоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ташкил гардид. Чорабинии мазкур ҷузъе аз силсилаи курсҳои омўзишӣ ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он инкишофи зарфияти мақомоти ҷавобгар ба амнияти сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муассиртар аксуламал нишон додан ба таҳдиду чолишҳои муосир, ба хусус дар мавриди ошкоркунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо, мебошад.
Давраи омўзишии серўза аз ҷониби коршиносони соҳаи маводи химиявӣ аз хадамоти гумрукии Латвия баргузор гардид. Шунавандагони давраи омўзишӣ аз байни кормандони ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон, аз ҷумла 10 нафар аз Агентии назорати маводи мухадир, 10 нафар аз Хадамоти гумрукӣ ва 6 нафар аз Қўшунҳои сарҳадӣ интихоб гардиданд. Дар давоми давраи омўзишӣ методологияи муосир ва амалкарди беҳтарин дар соҳаи назорати прекурсорҳо ва ошкоркунии қочоқи эҳтимолии маводи химиявии гуногун ва инчунин ҷамъоварӣ ва табодули самарабахши иттилоот миёни ниҳодҳои мухталифи ҳукуматӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ мавриди истифода қарор гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






