Омодагиҳо ба ҷаласаи саҳмдорони «НБО «Роғун»
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Cеминар-машварат дар доираи омодагӣ ба гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО «Роғун» 18 июн дар Душанбе доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, ба кори машварат муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов семинар-машваратро ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади баргузории семинар-машварат ва дигар масъалаҳои марбута ботафсил сухан ронд. Котиби корпоративии ҶСК «НБО «Роғун» Салоҳиддин Мирзоев, сардори шуъбаи муносибатҳои амволи хориҷӣ ва маҳаллии Кумита Иззатулло Ғуломов, муовини директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молия Сулаймон Чиллаев ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматноки ҶСК «НБО «Роғун» Зуҳро Мусоева оид ба вазифаҳои намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тартиби тасдиқи ваколатномаҳои намояндагони саҳмдорони (иштирокчиёни) маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО «Роғун», тартиби пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ ва кумулятивӣ, тартиби пешниҳод намудани рӯихати иштирокчиёни маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла масъалаҳои кушода эълон намудани маҷлис, тасдиқи рӯзномаи маҷлис бо тариқи овоздиҳии кушод, яъне бо бардоштани варақаҳои бақайдгирӣ ё бардоштани дастҳо гузаронида мешаванд ва вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис овоздиҳӣ ба воситаи бюллетени овоздиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар он 1 саҳмия дорои 1 овоз мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ иштирокдорон ба бисёр масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, муколамаю мубоҳисаҳо анҷом доданд. Изҳор шуд, ки доир намудани чунин семинарҳо дар пешрафти мутаассили фаъолияти саҳмдорон аҳамияти калон дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар назар аст, 28 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО «Роғун» баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






