Орифи маст “Опел-Астра”-ро тасарруф намуд

Июнь 10, 2014 11:46

Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 9 июни соли равон кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров шаҳрванд Ҳусейнов Ориф, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкур, ки пештар доғи судӣ доштааст, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ рабудани автомобил дастгир намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ВКД, номбурда санаи 8-уми июн, соати 11:00 дар ҳолати мастӣ аз назди ҳавлии истиқоматӣ дар шаҳраки Ғафуров автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш ТҶ 55-99 ВР 02, ки арзишаш 2500 сомонӣ буда, ба шаҳрванд Алиматов Равшан, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи ҳамин шаҳрак тааллуқ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Июнь 10, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш