Озода Эмомалӣ: Пайванди ҳамватанони бурунмарзӣ бо Тоҷикистон ногусастанист
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират 24 июни соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ дар мавзӯи «Ҷалби ҷамъиятҳо барои рушди кишвар» ба кори худ оғоз кард. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо, шаҳру минтақаҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат доранд.Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дар Форум таъкид дошт, ки баргузории ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар сатҳи баланд ва бо ҷалби тамоми ҷонибҳои алоқаманд баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад. Зикр шуд, ки бештар аз 30 намояндагии дипломатӣ ва 14 консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, ҳамкориҳои созанда бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳалли мушкилиҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа аз ҷумлаи авлавиятҳои фаъолияти худ эътироф намуда, кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, то ки пайванди ҳамватанони бурунмарзӣ бо Тоҷикистон ногусастанӣ бошад. Раҳмон Озода Эмомалӣ баён дошт, ки намояндагиҳо ҳамарӯза дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ҳимоят мекунанд.Кори форум то 25 июн идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






