Парвози ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» ба Русия бештар мегардад

Июнь 16, 2014 11:25

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова). – Сар  аз  24  июн парвози  тайёраҳои  ширакати  ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» ба  шаҳрҳои  Русия, аз ҷумла  ба  хатсайрҳои  Душанбе — Новосибирск,  Душанбе  — Екатеринбург,  Душанбе – Санкт – Петербург  ду  баробар   меафзояд. 
Мувофиқи  маълумоти  ширкати  ҳавопаймоӣ,  аз  24  июн парвози   ҳавопаймоҳо ба  самти  Душанбе  — Новосибирск —  Душанбе рӯзҳои сешанбе  ва  шанбе  сурат  мегирад. Аз  1  июл  ширкати  ҳавопаймоӣ хатсайри  нави  Душанбе —  Екатеринбург – Душанберо рӯи  кор оварданист. Парвози  ҳавопаймоҳо дар  ин  хатсайр  рӯзҳои  сешанбею   панҷанбе  сурат  мегирад. Аз  9  июл тайёраҳои боркаши  ватанӣ  рӯзҳои  чоршанбею  шанбе дар  хатсайри Душанбе – Санкт – Петербург —  Душанбе  парвоз  мекунанд. Арзиши  чиптаҳо  дар   самтҳои  зикршуда аз 240 евро  сар  мешавад.
Ғайр  аз  ин,  ширкати  хавопаймоӣ зудомади  парвозҳоро  дар  самти  Хуҷанд – Новосибирск — Хуҷанд  ду баробар  зиёд  карданист.

Июнь 16, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст