Парвози ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» ба Русия бештар мегардад
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Сар аз 24 июн парвози тайёраҳои ширакати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба шаҳрҳои Русия, аз ҷумла ба хатсайрҳои Душанбе — Новосибирск, Душанбе — Екатеринбург, Душанбе – Санкт – Петербург ду баробар меафзояд.
Мувофиқи маълумоти ширкати ҳавопаймоӣ, аз 24 июн парвози ҳавопаймоҳо ба самти Душанбе — Новосибирск — Душанбе рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегирад. Аз 1 июл ширкати ҳавопаймоӣ хатсайри нави Душанбе — Екатеринбург – Душанберо рӯи кор оварданист. Парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр рӯзҳои сешанбею панҷанбе сурат мегирад. Аз 9 июл тайёраҳои боркаши ватанӣ рӯзҳои чоршанбею шанбе дар хатсайри Душанбе – Санкт – Петербург — Душанбе парвоз мекунанд. Арзиши чиптаҳо дар самтҳои зикршуда аз 240 евро сар мешавад.
Ғайр аз ин, ширкати хавопаймоӣ зудомади парвозҳоро дар самти Хуҷанд – Новосибирск — Хуҷанд ду баробар зиёд карданист.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






