“Паёми ҳамбастагӣ”дар ҷашни Ваҳдат

Июнь 16, 2014 11:39

            Душанбе, 16.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-17-умин -солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ шоми 27 июн дар Наврӯзгоҳи пойтахт таҷлил мешавад. Дар асоси қарори ба тасвибрасидаи Маҳмадсаид Убайдуллоев -шаҳрдори Душанбе  шоми 27 июн дар Боғи Наврӯзгоҳ бо иштироки ҳунармандони театр, устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик  барномаи идонаи фарҳангию мусиқӣ таҳти унвони “Паёми ҳамбастагӣ” баргузор гардида, дар фарҷоми он мушакпарронии ҳафтдақиқаинаи идона фазои пойтахтро дурахшон хоҳад кард. 
             Ҳамзамон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ 27 июн дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», Боғи устод Рӯдакӣ ва майдони «800-солагии Маскав”сайругашти оммавии шаҳрвандон,  намоишҳои ҳунарӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ  ташкил мешавад. 
          Инчунин ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар пойтахт силсилаи  вохӯриҳо бо иштироки фаъолони Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баргузор мегардад.
       Тибқи ин қарор раиси шаҳри Душанбе ба роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи пойтахт бобати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону меҳмонон дар Рӯзи Ваҳдат  дастур додааст. 

Июнь 16, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст