“Паёми ҳамбастагӣ”дар ҷашни Ваҳдат
Душанбе, 16.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-17-умин -солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ шоми 27 июн дар Наврӯзгоҳи пойтахт таҷлил мешавад. Дар асоси қарори ба тасвибрасидаи Маҳмадсаид Убайдуллоев -шаҳрдори Душанбе шоми 27 июн дар Боғи Наврӯзгоҳ бо иштироки ҳунармандони театр, устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи идонаи фарҳангию мусиқӣ таҳти унвони “Паёми ҳамбастагӣ” баргузор гардида, дар фарҷоми он мушакпарронии ҳафтдақиқаинаи идона фазои пойтахтро дурахшон хоҳад кард.
Ҳамзамон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ 27 июн дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», Боғи устод Рӯдакӣ ва майдони «800-солагии Маскав”сайругашти оммавии шаҳрвандон, намоишҳои ҳунарӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил мешавад.
Инчунин ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар пойтахт силсилаи вохӯриҳо бо иштироки фаъолони Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баргузор мегардад.
Тибқи ин қарор раиси шаҳри Душанбе ба роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи пойтахт бобати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону меҳмонон дар Рӯзи Ваҳдат дастур додааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






