Пешгирии парвариши ғайриқонунии бангдона
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Ҳангоми гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014” аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ миқдори зиёди ниҳолҳои худрӯи бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар заминҳои хоҷагии кишоварзии ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8500 бех бо вазни 30 кг 640 грамм, дар лаби дарёи Панҷи ҳудуди ноҳияи Дарвоз 540 бех бо вазни 6 кг 25 грамм ва дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ 500 бех бо вазни 4 кг дарёфт ва мусодира гардид.
Сарчашма хабар медиҳад, ки маҷмӯи ниҳоли худрӯи бангдонаи мусодирашуда 9540 бехро ташкил дода, вазни умумияш аз 40 кг 665 грамм иборат мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






