«Пиромуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон»
Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар интишороти «Илм ва фарҳанги Эрон» китоби нави адабиётшиноси тоҷик Мирзо Муллоаҳмадов таҳти унвони «Пиромуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» ба теъдоди 2000 нусха нашр гардид. Ин даҳумин китоби муаллиф аст, ки дар Эрон ба табъ расидааст. Қаблан китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон», «Хубони порсигӯй», «Ҷанг ва сулҳ дар Шоҳнома», «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ», «Андарзномаи Рӯдакӣ», «Садои Осиё»-и Мирзо Турсунзода» ва амсоли инҳо дар нашриётҳои гуногуни ин кишвари ҳамзабон ба табъ расидаанд.Китоби «Пиромуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон» аз ду бахш иборат буда, бахши аввали он дастоварду бозёфтҳои муаллифро дар масоили шинохти аҳволу осори Рӯдакӣ дар бар мегирад. Дар бахши дуввуми китоб «Симои рӯдакишиносон» саҳми донишмандони маъруф С.Айнӣ, С.Нафисӣ, Маликушшуаро Баҳор, Б.Фурӯзонфар, Е.Э.Бертелс, А.Мирзоев, И.С.Брагинский, А.Н.Болдерев, А.Мухторов, А.Афсаҳзод ва монади онҳо дар таҳқиқи аҳвол ва осори устод Рӯдакӣ нишон дода шудааст. Китоб саҳми арзандаи муаллиф ва интишороти мазкур дар таҳкими робитаҳои илмии ду кишвари ҳамзабон буда, дар таҳқиқ ва тарғиби аҳволу осори бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле судманд аст. Латиф Латифӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






